Бахшҳо

Муфтӣ ва Давлатзода дар парлумон: Ҷиҳозбарии арӯс мамнуъ шуд (ВИДЕО)

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август барои шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шуданд.

Сулаймон Давлатзода зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироти пешниҳодшуда мансабдорон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат барои нақзи қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ӯ афзуд, ки минбаъд тӯйу маъракаҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22 ва рӯзҳои корӣ аз 18 то 22 бояд баргузор шаванд.

Раиси Кумитаи дин таъкид намуд, ки хатнасур бо аъзои оила бе даъвати дӯстон гузаронда мешавад.

Масъалаи ҷиҳозондани хона аз тарафи наздикони арӯс дар парлумон баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Вакил Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии тағйирот гуфт, бар асоси модаи 10-и лоиҳа, ин маърака, ки хонакашон ном дошт, манъ шудааст: “Дар баъзан ҳолатҳо то 20 нафар аз ҷониби арӯс рафта, хонаи арӯсро бо ҷиҳоз таъмин мекарданд, ки ин манъ шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд ва Маҷлис имрӯз тағйироти пешниҳоднамудаи раисиҷумҳурро қабул кард.


Видеои лоиҳаи тағйирот ба қонуни танзим:

Мӯҳр
у
Пешравии иктисодиет, баланд бардоштани маош, ташкили чойхои кориро барраси кунед. Е аз дастатон чизи дигаре гайр аз танзим намеояд?

Беҳтар нест, ки ҳама чизро барҳам диҳед. На тӯйи хонадориву арусӣ шаваду на хайру худоӣ! Рафту омад ба хонаи хешу табор низ манъ шавад. Ёру дӯстон ҷамъ шуда ба ресторанравиро бас кунанд. Барои аёдат аз беморон дар беморхонаҳо низ хотима ёбад, зеро онҳо пул сарф карда барои беморон (ва духтурон) ҳар чиз медаранд. Ана ҳамин тавр. Парлумони тоҷик ҳоло бояд бисёр чизҳоро ба танзим дарорад, аз ҷумла сарфу харҷу маошҳои худашонро.

юсуф
Ба чои танзим пули донишгоххоро ба танзим дароред.Яъне кам кунед то ин ки фарзандони камбагал хам хонад.

ношинос
и парлумони тоҷик дига ягон кор надора чи??

Вакилони мухтарам! Ба он нафароне, ки рохи бизнесро ёфтаанду барои макияжи арус аз 100 то 150 доллар мегиранд, ягон чорае бинед. Онхо маоши як рузаи мардумро дар як соат кашида мегиранд, ки тамоман савод надоранд. Хатто маълумоти Оли надоранд. Бигузор нарххои онхоро низ ба танзим дароранд. Инчунин онхо духтаронро ба шогирди мегиранд ва барои ин 300 доллар дар як мох мегиранд. Инро дида, чавонон ба илм кам таваччух мекунанд, зеро рохи осони пул коркуниро ёд мегиранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)