Бахшҳо

“Қазияи доиранавозҳо”. Раиси ноҳияи Хуросон танбеҳ гирифт, раиси бахши занҳо ба кораш барқарор шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо содир кардани як амр раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро танбеҳ додааст.

Дар амри Президент, ки таҳти №АП-932 имрӯз, 24 август имзо шудааст, далели танбеҳи Сафарзода Раҳматулло Хайрулло “бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш” гуфта мешавад.

Баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон бархе расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки дар пайи хатои гуруҳи доиранавозони “Очаҷонҳо” дар ҳузури раисҷумҳур Зиёда Саломова, раиси Идораи кор бо занони ноҳия барканор шудааст. Ин гуруҳ ҳангоми ҳунарнамоӣ аз “ритм” берун рафт.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол. Манбаъ меафзояд, "дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор гардидааст. Ӯ давоми 9 соли охир курсии раҳбари Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросонро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
Точик
Расо баъд аз 20 дакикаи пахш дар сомонаи Чаноб "Озодагон" хабарро пахш кард. Маълум мешавад, ки бачахако кор мекунанд:)) wink

Агар 9 сол дар як мансаб кор карда бошад Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 26 майи соли 2011, №1074 банди 6 коидахои гузаронидани чойивазкунии кадрхои рохбарикунандаи хизмати давлати дар макомотхо ичро карда намешавад. Бисёрихо зиёда аз 5 сол дар як мансаб кор мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)