Бахшҳо

Майли ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ бо қимати ҷонашон анҷом меёбад

Аз соли 2014 то 2015 аз ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 37 ҷавон ба гуруҳҳои террористие амсоли ДИИШ шомил шудаанд. Шурӯъ аз соли 2016 то инҷониб Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ дар якҷоягӣ бо як қатор мақомоту идораҳо баҳри пешгирии пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ чораҳои заруриро пиёда намуд, аммо тақдири теъдоде аз ин ҷавонон ҳоло ҳам номаълум боқӣ мемонад. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонони ноҳияи Ванҷ пайи суҳбати Масрур Ғайратов, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ин ноҳия нишастем. Муҳтавои ин суҳбат пешниҳоди хонанда мегардад.

- Лутфан, бигӯед ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба созмону гуруҳҳои террористӣ чӣ корҳое анҷом додааст ва тадбирҳои андешидашуда то куҷо муассиранд?

-Бахш дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гурӯҳи доимамалкунандае таъсис дод, ки ҳамарӯза дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо ҷавонону наврасон, волидон ва дигар ашхоси масъул мулоқот баргузор мекунад. Ҳамчунин гурӯҳи махсус бо падару модар, пайвандони наздики ҷавононе, ки қаблан ба чунин гуруҳҳо пайвастаанд, иртиботи зич дорад. Дар ҳамкорӣ бо диаспора ва ҷавонони фаъоле, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият доранд, пайваста бо муҳоҷирон дар тамос ҳастем. Маҳз самараи робитаҳои судманд буд, ки соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017, ҳеч ҷавоне аз ноҳияи Ванҷ ба гуруҳи ба ном ДИИШ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашуд.

- Бо такя ба маълумоти қаблии сохторҳои қудратии ВМКБ аз байни зодагони вилоят 47 нафар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуданд ва теъдоди зиёди онҳо ҷавонони ноҳияи Ванҷ мебошанд. Аз назари Шумо чаро бештар ҷавонони Ванҷ ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд?

-Боиси тазаккур аст, ки на ҳамаи ҷавонони ноҳия ба ифротгароиву тундгароӣ майл доранд. Аксари ҷавонони мо баҳри беҳбудии диёр, сиёсати давлатии кишвар ва таҳкиму рушди корҳои иҷтимоӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд. Аз 47 ҷавоне, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил гаштанд, 32 нафараш зодагони Ванҷанд ва инҳо ҷавононе буданд, ки дар гузашта барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, он ҷо фаъолият доштанд. Аз рӯйи таҳлилҳои гурӯҳи махсуси дар боло зикршуда аз ин 32 нафар 4 кас маълумоти олӣ доштаанд, дигарон саводи кофӣ надоштаанд.

Муайян гардид, ки бештари ин ҷавонон ҳатто дар вақти таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия барои аз худкунии фанҳои таълимӣ фаъол набуда, оид ба моҳияти дини мубини Ислом тасавурот надоштанд. Албатта, иллати маъмултарини шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ин дарёфти маблағи калон ва бо ин васила барпо кардани зиндагии шоҳона аст. Аммо баъдан худамон шоҳиди ҳодисаву руйдодҳое мешавем, ки ин иқдоми пешгирифтаи ҷавонон бо қиммати ҷони онҳо анҷом меёбад.

Баъзан тамоюл чунин аст, ки теъдоде аз ҷавонони аз муҳоҷиратомада ё аз Русия депортшуда, бахусус фасли зимистон хонашин шуда аз бекорӣ азоб мекашанд. Чунин дарду алам ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ расонда, ҷавононро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад. Ашхоси гумроҳу таблиғотчӣ бошад, аз ин ҳолати ҷавонон сӯистифода карда, ақидаҳои нопоку моҷароҷӯёнаи хешро дар мафкураи онҳо ҷой мекунанд.

- Миёни онҳое ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастанд, ҳастанд афроде ки хизмати ҳарбиро адо карда бошанд?

- Мутаассифона, ҳастанд. Маслан, Абдулқаҳор Асророви 25–сола, зодаву истиқоматкунандаи деҳаи Ширговади ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ аз зумраи чунин афрод аст. Ӯ чанд сол пеш ба гурӯҳҳои экстримистӣ шомил гашт. Умед Давлатови 30–сола, сокини деҳаи Чихохи ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ баъди гирифтани маълумоти миёна, хизмати ҳарбиро дар Федератсияи Русия адо намудааст. Падараш АъзамДавлатов дар қайди ҳаёт нест, вале модари хонанишинаш Иқболбибӣ Давлатбекова ҳанӯз ҳам аз гумроҳшавии ҷигарбандаш андӯҳгин буда, ба бозгашти ӯ умед дорад.

Воқеан кадом падару модар мехоҳад, ки фарзандаш аз роҳи дурусту ҳаёти солим фосила гирад ва тариқи мағзшуии бадхоҳону хоинони миллат ба тирабахтӣ мувоҷеҳ шавад? Хеч кас.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)