Боздошти зане, ки бо роҳи фиреб аз солмандон $45000 ситонидааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зане хабар дод, ба боварии одамон даромада, аз онҳо пул мегирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зан 56 сол дошта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Ӯ дар пайи шикояти як сокини 68-сола ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастгир шудааст. Ин мард гуфтааст, 22 августи соли 2006, гумонбаршуда “бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, баъди боздошти зан муайян гардид, ки ҳамон рӯзи 22 августи соли 2006, ин зан бо роҳи фиреб ба боварии марди 67-солаи сокини кӯчаи Алишери Навоии пойтахт даромада, аз ӯ 23000 доллари амрикоӣ гирифта, дигар барнагардонидааст: “Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |