Бахшҳо

Р.Эмомалӣ дар истгоҳи намунавӣ: Телефон, камера, терминал... (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 25-уми август дар рӯйнамоии нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони Рӯдакӣ иштирок кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ"-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст: “Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошад. Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст”.

Зимни муаррифии лоиҳа ба раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардида, истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ бунёд гардидааст: “Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоид хоҳад кард”.

Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки дар вақти бунёди чунин иншоот ба истифода намудани масолеҳи хушсифати истеҳсоли ватанӣ диққати махсус дода шавад, то ки иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди хатсайри фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе - корхонаи "Сементбарорӣ" 36 адад истгоҳҳои намунавии нав бунёд мешаванд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ такони ҷиддӣ мебахшад.


Р.Эмомалӣ дар истгоҳи намунавӣ: Телефон, камера, терминал... (АКС)

Р.Эмомалӣ дар истгоҳи намунавӣ: Телефон, камера, терминал... (АКС)

Р.Эмомалӣ дар истгоҳи намунавӣ: Телефон, камера, терминал... (АКС)
Мӯҳр
Фард
Фақат дар кучаи маркази ми?????? О кушиш кунед дар дигар атрофи шаҳрҳам шавад акнууун...........эээ худоҷонееее

ном
Рахмат Рустамчон канд занед дар хакикат чавони серистеъдод ва ободкор Худо нигохбонат барори кор мо чавонон бо Шумохастем дар хама холатхо ба пеш барори кор

Кандатро зан Рустами Эмомали! Кушиш кун, номбардори падар боши!!!

Мешудаст ку ...
Ахсан ба мухтарам Рустами Эмомали!!!
Дар як мудати кутох шахри Душанберо ба шахрхои зебои руи дунё ва аз онхо хам зеботар хохад кард. Иншоаллох мо аз ин чавони кордон боварии комил дорем!

Пенсионер
Хамин калимаи "АХСАН" аз кучо ва чи маъни дошта бошад? Фахмонед, илтимос.

Пенсионер,
Калимаи "аҳсан" маънои "офарин ба..." ро дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)