Бахшҳо

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал аз мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат боздид кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур майдони умумии мавзеъи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст: “Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад”.

Манбаъ афзуд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд: “Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” 45 нафар коргари доимӣ ва 35 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” бо 37 хоҷагии чорвопарвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд: “Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбуриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбуриасал ба мавзеи Канаск дастрас кард”.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 ба 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна расонад: “Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеъи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои водии вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор истифода мегардад”.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон масъулини соҳаи кишоварзии кишварро барои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва бастабандии гиёҳҳои шифобахши мавзеи Канаск, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши тухмипарварӣ муваззаф кардааст.


Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)

Э.Раҳмон ба ҷамъоварии картошка рафт (АКС)
Мӯҳр
килои картошка 5 сум пиёз панч сум

Нодир
Картошка барои киммат хаст. Нарххои маводхои гизоии авалиндарачаи мардумро хам ба танзим дароред,ки дигар мардум харида наметавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)