Бахшҳо

Имзои оҷилии қонунҳои нав ва шарҳи Котиботи Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми август чанд соат баъд аз ҷонибдории Маҷлиси миллӣ, қонунҳои марбут ба танзими расму оин, мошинсавории донишҷӯён ва муҷозоти ронандаҳои масту бешаҳодатномаро имзо намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул гардида, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятиро дар ин соҳа ба таври илова муайян мекунад.

Котиботи Президент шарҳ дод, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми пас аз таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон анҷом додани хатна пешбинӣ гардидааст.

Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) ва ҳоҷизиёрат манъ карда шудааст.

Ҳамчунин маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад.
Тағйиротҳои назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мебошанд.

Мувофиқи тағйироти дохилгардида тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Дар баробари ин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 12500 сомонӣ то 25 ҳазор сомонӣ ва нисбати шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ҳазор то 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин барои содир намудани ҳамин кирдор 35 ҳазор сомонй ҷарима муқаррар карда шудааст.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд, ки мувофиқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҷазои ронандаҳои масту бешаҳодатнома: Аз ҷарима то 15 соли ҳабс


Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамасола дар роҳҳои ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва дар робита ба ин содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуданд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 150- 250 сомонӣ то 12500 сомонӣ зиёд карда шудааст.

Барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима аз 2500 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ баланд гардидааст. Барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кирдор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.
Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ шудааст.

Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз 25 то 50 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар баробари ин ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуда, мӯҳлати аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум кардан то 20 сол пешбинӣ гардидааст.

Интихоби донишҷӯён: Мошин ё диплом...

Ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйиротҳо ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оиди манъи ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён пешбинӣ гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълими бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки қонунҳои номбурда пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.
Мӯҳр
мехмон
Кариб 90% - и ин конунхо ба сарватмандону писаронашон таалук дорад! Камбагала чию мошинсавори? Боз масту бе хуччат!!

1856
Конуни мазкур сари вакти ва хуб мебошад.Лекин як бадиш ин ки мабодо ягон камбагал ягон хатое карда камтарак вайрон кунад пас у ин кадар чарима медихад?Ун харочоти туяш ин кадар баробари чарима хам нест пас чи мешуда бошад?

Мухтарам Президент! Хама чизро кайд кардеду, танзими нархи сарояндагон дар туй монд. Илтимос, инро низ ба як тартиб дароред, зеро пеш аз хама, туйдор сарояндаро " заказ" мекунад, ки танхо бо доллар онхо гап мезананд...

Агар ин конухо амали шавад бовар кунед дар точикистон бисьер чизхо арзон ва серию пури мешавад мисол агар дар точикистон дар як руз 500 маьрака шавад бинед ки дигар биринч гушт равган ва дигар чизхо харида намешавад ба хисоби миена туйдор е азодор 100 кг орд 50 кг гушт 100 биринч ихтисор мешавад дар як руз кариб 50тонаги орду биринчу гушту ва дигар чизхо харида намешавад ман ина як рузаша хисоб кардам кандата зан чаноб оли ба ин калла аз шумо хохиш карда мешавад то 30солара рондани мошина мань кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)