Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин нишаст, ки таҳти раёсати райиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ-ро баррасӣ кард.
Зимнан, муовини вазири молия Ҷамшед Норинов, раиси кумитаи МН Сафаралӣ Раҷабов, вакилон Сафаралӣ Гулов ва Шарофиддин Сироҷов зимни баромад ва суханрониҳои худ роҷеъ ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи моҳият ва аҳамияти лоиҳаҳои пешниҳодшуда баён доштанд.Баромадкунандагон дар баробари моҳияти асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур, ҳамчунин роҷеъ ба мафҳуми лизинг маълумот доданд.
Зикр гардид, ки лизинг ҳамчун механизми таъминоти азнавкунии воситаҳои асоси корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои саноатӣ истифода бояд шавад.
Тафсилоти бештар зери ин линк маҳфуз аст:https://www.ozodagon.com/g/item/16095
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |