Бахшҳо

Вазорати маориф: Китобфурӯшҳо сӯиистифода ва қонуншиканӣ мекунанд...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди китобҳои дарсӣ дар бархе аз макотиби кишварро тасдиқ карда, онро ба кори сусти дастгоҳҳои чопии кишвар рабт дод.

Комил Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 13 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дилхоҳ китоби дарсӣ, аз ҷумлаи китоби забони модарӣ барои хонадагони синфи 2 бо теъдоди 160 ҳазор нусха чоп мешавад: “Чопхонаҳое, ки бо чопи китоб машғуланд наметавонанд ба якборагӣ 160 ҳазор китобро нашр кунанд. Дар аввал 20-30 ва ё 40 ҳазор китобро тариқи қисм-қисм чоп карда, ба вазорат оварда месупоранд. Мо наметавонем дар як муҳлати кӯтоҳ китобро ба ноҳияҳо тақсим кунем. Вобаста ба воридот тақсим мешавад”.

Ба гуфтаи Исоев барои 160 ҳазор китоб 2 вагон қоғаз лозим мебошад, ки ҳамаашон дар дохили кишвар чоп мешаванд: “Барои саривақт чоп шудан мо бояд соҳиби технологияҳои нав бошем. Тариқи технологияҳое, ки мо дорем барои 200 ҳазор китобро чоп кардан 9 моҳ вақт лозим аст. Мешавад рӯзе, ки дар кутоҳтарин фурсат китобҳоро чоп мекунем. Имконият ва шароит лозим аст барои ин”.

Исоев зикр кард, ки барои хонандагони мактабҳои миёна 40 номгӯи китобҳо бо маблағи 32 миллион сомонӣ чоп мешавад ва қисмати чопшудаи китобҳо пас аз тасдиқи вазир, ба шӯъбаҳои маорифи 68 шаҳру навоҳӣ тибқи дархости онҳо фиристода мешавад: “Ҳоло ҳам тақсимот идома дошта, як қисми ноҳияҳо китоби забони модариро дастрас накардаанд. Мо ҳеҷ вақт тавсия намедиҳем, ки волидайн рафта, аз бозор бо арзиши 40 сомонӣ як китобро харидорӣ кунанд”.
Исоев таъкид кард, ки то ҳол 100 ҳазор китоби забони модарӣ барои хонандагони синфҳои 2 чоп шудааст ва боқимондааш дар муҳлатҳои муайян чоп мешавад. Ба суоли он ки оё хонандагон метавонанд аз китобҳое, ки солҳои қаблӣ чоп шудаанд, истифода баранд, ҷаноби Исоев гуфт, “бале, гарчанде, ки кӯҳна ҳам бошанд, вале вазорат онҳоро инкор накардааст”.

Масъули Вазорат дар мавриди ба иҷора додани китобҳо дар мактабҳои миёна гуфт, “ҳукумати кишвар ба хотири дастрасӣ доштани тамоми аҳолӣ бо китоб, китобҳоро ба иҷора медиҳад. Аз ин рӯ фурӯши озоди китобҳои дарсӣ манъ мебошад”.

Ӯ гуфт як китоб дар соли аввал ба маблағи 34 фоизи нархаш ба хонанда иҷора дода мешавад ва ба ҳамин тариқ давоми 3 сол маблағи китоб ҷамъ шуда, ба Вазорати маориф ва илми кишвар бармеградад: “Бар ивази ин пул боз китоб чоп мешавад ва агар китоб қобили истифода бошад бақияи иҷора моли худи муассаи таълимӣ мебошад”.

Исоев аз волидайн даъват кард, ки ҳангоми ба иҷора гирифтани китоб сана, соли барориш ва нархи онро талаб кунанд. Ба гуфтаи ӯ афроде ҳаст, ки бо истифода аз номи Вазорати маориф ва илм, ки гӯё “нархро вазорат муайян кардааст”, сӯиистифода мекунанд: “Ҳамаи гуноҳро ба дӯши вазорат напартоянд. Дар ҳоли ҳозир Прокуратура ва Кумитаи амнияти миллӣ ҳамарӯза 2-3 нафари онҳоеро, ки бо фурӯши ғайриқонунии китоб машғуланд боздошт карда истодааст ва онҳо тибқи қонун муҷозот мешаванд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран норасогии китоб, махсусан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва нархи гарони он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Чанд тан аз волидайни хонандагони синфҳои 2-и мактабҳои миёнаи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии хусусан китоби забони модарӣ шикоят карданд. Инчунин Комрони Аслон, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар хитоб ба Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон навиштааст: “Китоби дарсии " Забони Модарӣ" синфи 2 нархаш 35 сомонӣ аст, ки ин барои писари деҳқон ё муҳоҷир хело гарон аст. Дар пушти ин китоби "муқаддас" моликияти давлат навиштаанд. Агар соҳибкоре барои манфиате ба даст орам гуфта чунин нарх мегузошт, мегуфтем хуб, аммо давлат чунин нарх гузоштааст. Муҳтарам Вазири маориф ҷаноби Нуриддин Саид чаро чунин аст? Модом ки китоб китоби давлатист, пас ба тамоми китобхонаи мактабҳои кишвар фиристед! Чаро бояд дар ба дари мағозаҳо волидайн сарсону саргардон шаванд? Муҳтарам Вазир шумо ва шумобаринҳо ҳар нархе, ки фурӯшанда гӯяд мехаред, вале ҳама вазиру раис нестанд ку?”
Мӯҳр
беном
доир ба хамин масала хаминро кайд кунем барои чи кариб ки хар сол китобхои дарси дигар мешаванд. Намешуд намунаи китоб дакик карда шавад. Китобхое ки соли сипаришудаи тахсил истифода шудаанд аксарияташон дигар истифода намешаванд. Ба талаба мегуи аз апаат е аз акаат хаст хамунро гир истифода бар не китоби дарси дигар шудааст гуфта чавоб медиханд.

ба мактабхо бояд китоби бадейро таксиам накуне ба чояш дарси мешуд хуб

Салом озодагон шумо ба фикри ман агар дар чумхури 160 хазор синфи 2 бошад аз хамин шумора шумо фикри як ду волидайли иквогарро ба инобат нагирен шумо биёен ба мактабои нохияи дидан кунед ва ба кори вазорати маорифро бахо дихед, вазорати маориф дар баробари бо ашиёхои таълими таъмин намуданашон боз ба сохтумонхои мактабхои дар осиёи миёна хамто надорад месозад.

ба омузгор аз Бохтар. Бетамизихои инсон дар сухан пайдо шавад. Худат бо фарзандот тинчи фикр мекуни олам гулистонаст

Мо барои кудакамон аз бозор алифбо харидем аз мактаб як китоби дигар доданд гуфтанд ки ин хатмист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)