Бахшҳо

ВИДЕО: Моҳона чӣ қадар пули барқ месупоред?

Ширкати “Барқи тоҷик” 13 сентябр бо пахши як иттилоия эълон кард, аз 1-уми октябр нархи як киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ 2,2 дирам ё 15 дарсад боло меравад. Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, агар то ин вақт гуруҳи истифодабарандаҳо барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад.

Хабарнигори “Озодагон” аз раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсид, моҳона барои истифодаи хизматрасонии нерӯи барқ чӣ қадар пул месупоранд? Аксари пурсидашудаҳо гуфтанд, ҳармоҳа дар тобистон беш аз 50 сомонӣ ва дар фасли сармо 150-200 ва ҳатто то 400 сомонӣ месупоранд. Назарҳои дигарро дар ин видео бубинед ва Шумо низ бинависед, ки дар як моҳ ҳаққи хизматрасонии барқ дар манзилҳоятон чӣ қадар мешавад?

Мӯҳр
Ман истикоматкунандаи н. Фирдавси 61-МКР. хармоха аз 58 сомони то 82 сомон маблаг месупорам. Ин хукумат боре фикри мардумашро намекунад.

ман ҳар моҳ дар тобистон аз 100 сомонӣ боло ва зимистон то 250 сомонӣ пули барқ месупорам, ҳол он ки маоши якмоҳаи ман 1000 сомонӣ мебошад. Ман танҳо пули барқро пардохт мекунам ба хотири он, ки барқро хомӯш накунанд. Боқимонда пули андоз, домпуравления, пули лифт, об, партовро супорида наметавонам. Бо ду фарзанди ноболиғ танҳҳо зиндагиамро пеш мебарам пули мактаби кудаконамро бошад ҳар сол аз бонк қарз гирифта месупорам. Ана акнун ки пули барқ боз қимат мешавад нисфи маоши ман ба пардохти пули барқ меравад ҳайронам, ки бо ин қиматкунӣ чӣ тавр зиндагӣ кунем

беном
Хами заводо корхонахо пули барк месупорида бошанд????

Туркманистон ягона манбаи даромадаш боигарияш нафт аст ,барои мардумаш ҳар моҳе аз 50 то 100,150 литр сузишвори ройгон бепул аст ...
Дар ТҶ ҳамин барқроҳам гиред фурушед (бой) шавед на инсоф мондасту на одамгари ,одами мегуфтаги нест ҳама тарсу шудаем бояд талаб кунем то барқ арзон карда шавад аз ин зиндагӣ дилхунук шудаме....

Shahboz
н. Сино. Мохона дар Тобистон аз 140 то 180 (200). Зимистон 250-400 сомон.
Маоши хадди акала мегирем ба барки точик метем тамом ана зиндаги мана зиндаги. Акалан ичозат бтан ПОРА бгирем рузмона бгзаронем. И нархи Донишгохора бинен мегуй дар ЯПОНИЯ хондесай.

Умедвор
Дар фасли тобистон аз 110 то 150 сомонӣ ва дар фасли зимистон бошад, то 300 сомонӣ пули барқ месупорем. Ин ҳам дар ҳоле, ки музди маошам дар як моҳ 650 сомонӣ аст. Ростӣ, қадам ба 30 гузоштааму ҳоло ҳам аз ҳисоби волидайнам зиндагӣ мекунам. Вақте падарам барои роҳкиро ва хуроки нисфирӯзиам маблағ медиҳад, он қадар хиҷолатзада мешавам, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Ҷавонони дигар кишварҳо дар сину соли мо аллакай миллионер шудаанду мо бошем ҳанӯз ҳам фақирона умр ба сар мебарем. Дастнигар будан чи қадар сахт будааст. Бо умеди рушди босуръати Ватан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)