Як гумонбари қатли муҳоҷири тоҷик дар Сургут дастгир шуд. ВКД “Бобо” ва ҳаммаслаки ӯро меҷӯяд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини ноҳияи Спитамен дар шаҳри Сургути Русия як ҷавони 22-соларо дастгир намудааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, боздошти ин ҷавон дар пайи шикояти падари мақтул-- сокини 57-солаи шащри Бӯстони ноҳияи Спитамен сурат гирифтааст. Ин мард дар аризаи шикоятии худ навиштааст, шахсони номаълум писари 30-солаашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Сургути Русия қарор дошт, латту кӯб намуда, ба ҳалокат расондаанд. “Сипас ҷасадро дар яке аз ҷангалзорҳои шаҳри Сургут партофтаанд”,-навиштааст ӯ.
Ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони пулис сокини 22-солаи ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин куштор дастгир кардаанд: “Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 3 сентябри соли 2017, тахминан соати 23:30 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 20-солаи сокини шаҳри Конибодом ва “Бобо” ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, ҷинояти мазкурро содир намудааст”.
Ба таъкиди манбаъ, ҳоло барои дастгир намудани ҳаммаслакони дастгиршуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |