Ду марзшикани афғон дар задухӯрд бо сарҳадбонҳои тоҷик кушта шудаанд

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду задухӯрди мусаллаҳона бо қочокбарони афғон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳодисаи аввал шоми 14 сентябрдар яке аз минтақаҳои муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии “Панҷ” ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷаи задухӯрд як қочоқбар безарар гардонида шуда, қоҷоқбарони дигар ба соҳили Афғонистон баргаштанд. Аз ҷойи ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дасти Ф-1 ва 1 телефони мобилии Самсунг дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, шоми 15 сентябр бошад, дар минтақаи зертобеъи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” аз тарафи наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии маводи нашъаовари Тоҷикистон амалиёт гузаронида шуд: “Дар натиҷа ҳайати наряд бо қочоқбарони номаълуми афғон рӯ ба рӯ шуда, тирпарронӣ ба вуқӯъ омада, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Қочоқбарон аз торики шаб истифода бурда ба самти ҶИА фирор карданд”.
Улуғхоҷаев афзуд, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |