Бобомуродов: Роҳкироям диҳед, духтарамро беморхона барам

Сафар Бобомуродов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳамватанони саховатманд хост, ки ҳадди ақал барои дарёфти роҳкиро ба ӯ кӯмак кунанд, то духтари беморашро дубора ба табобатгоҳи Маскав барад.
Бобомуродов, падари 5 фарзанд, ки се нафарашон маъюбанд, имрӯз, 19-уми сентябр ба дафтари “Озодагон” муроҷиат карда, арз дошт, ки духтари хурдияш Меҳрона Бобомуродоваи 12-сола мубталои бемории қалб мебошад: “Вай модарзод гирифтори бемории қалб аст ва мунтазам зери нигоҳубини табибон қарор дорад”.
Ӯ афзуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кӯмаки ҳамкорону хешу табор Меҳронаро ба Маскав бурд ва ӯро дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу раги А.Н. Букалеваи шаҳри Маскав ба таври ройгон ҷарроҳӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ инчунин ду писараш яке 29 сол дигаре 26 сол дошта, ҳарду бемор мебошанд ва дар оила танҳо худаш таъминкунандаи зиндагиашон мебошад.
Бобомуродов мегӯяд, бо тавсияи табибони рус ва тоҷик Меҳронаро бояд дубора ба табобатгоҳи шаҳри Маскав барои ҷарроҳи такрорӣ барад: “Бинобар бад будани вазъи оилавӣ ва нарасидани маблағ мушкилотамон хеле зиёд шудааст. Аз саховатмандон хоҳиш дорам, ки барои роҳкиро ёрии худро расонанд”.
Афроде, ки имкону хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 985 27 50 56 ва 919 73 01 33 бо падари Меҳрона дар тамос шаванд, ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд: 
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |