Бахшҳо

Боздошт барои тоҷик будан: Созиш барои пешгирӣ аз такрори қазияи Люблино

Қазияи латукӯби Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз сӯи посбонҳои бозори “Люблино” ва боздошти эътирозгарон дар пайи он мавзӯи меҳварии мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст.

Тибқи иттилоияи сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораандешӣ хоҳанд кард.

Латукӯби Зикиров, сокини ноҳияи Балҷувон дар Маскав 20-уми сентябр рух дод ва дар пайи он гуруҳи муҳоҷирони тоҷик ҷамъ омада, хостори муҷозоти гунаҳкорон шуданд. Дар натиҷа ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷик боздошт гардид, ки гуруҳе аз онҳо ҳоло ҳам дар боздошт мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ВКД хостааст, латукӯби Зикиров ва боздошти муҳоҷирони дигари тоҷикро мунсифона таҳқиқ кунад. Денис Набиулин, узви Шӯрои мазкур мегӯяд, зимни боздид муайян намудаанд, ки ҳуқуқи боздоштшудаҳо нақз шудааст: “Аз ҷумла афроде боздошт шудаанд, ки ҳеч иртиботе бо қазия надоранд. Онҳо мегӯянд, коргари бозоранд ва танҳо барои доштани шиносномаи Тоҷикистон боздошт гардидаанд”.

Инчунин Набиулин шикоят кардааст, ки маъмурини милиса тайи 30 дақиқа монеи боздидаш аз идораи пулис шудаанд, ки хилофи қонунгузории федеролии Русия мебошад.
Мӯҳр
Ачаб замона хам лату куб хам тахкир ва табассумхои бечои сафир гуе ки дар кадом маросими идона вохури дорад ва фахр хам намудааст Шармам омад аз Точик буданам

Точики мухочир
Ин сафири Точикистон барои кадом кори хубаш механдида бошад. Оё таъкибу паст задани точикон ба хандаовар хаст?

тошболта
и мардак "селфи" гирифтай, гамш натен..

Шохид
Ман нафахмидам. Ин сафир барои хакки мухочири мехнатиро талаб кардан рафта буд ё афсонаи бузаки чингилапо хондан?

Мӯҳтарам сафар ва намояндаи мардуми Тоҷикистон дар Руссия ба ҷои ханда ба фикри муҳоҷирони бе сарпаноҳ бошед ...агар аз уҳда барнамеоед лутфан вазифаро ба ягон ғамхор супоред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)