Марг дар таҳхона: Раис дар шиканҷа ва қатли зан муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раиси ошхонаи “Шаббодаи Анзоб”-ро дар шиканҷа ва қатли як зани 48-сола, сокини шаҳри Душанбе муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои ВКД раиси 37-солаи “Шаббодаи Анзоб”, сокини ноҳияи Айнӣ, ки қаблан бо 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла дуздию қаллобӣ маҳкум шудааст, 22-юми сентябр боздошт гардид.
Тибқи иттилои тафтишот боздоштшуда 7-уми январи соли 2016, зани 48-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, дар таҳхонаи ошхонаи мазкур зиёда аз 7-шабонарӯз дар сардии зимистон нигоҳ доштааст: “Дар натиҷа зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар таҳхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки гумонбаршуда ҷасади зани мазкурро дар мавзеи “Чоре”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ дар чуқурии 1-метр гӯронидааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |