Бахшҳо

Варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 3 медали тиллоро ба гардан овехтанд

Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Бозиҳои Осиё дар толорҳо ва ҳунарҳои размӣ, ки дар Ашқободи Туркманистон ҷараён дорад, соҳиби медали тилло шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 25 сентябр, дар рӯзи даҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё варзишгарони тоҷик се нишони тилло ба даст овардаанд. Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг дар риштаи самбо мақоми аввалро соҳиб шуда, нишони тиллои мусобиқаро ба гардан овехтанд: "Акмалиддин нахуст Раҳматҷон Ахмедови узбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд. Беҳрӯз аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард”.


Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар вазни -60 кг, намуди “Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони тоҷик рӯзи гузашта ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд. Медали нуқраро Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг (самбо) сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг бо соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Тоҷикистон то имрӯз дар Бозиҳои Осиё соҳиби 3 медали тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ гаштааст.

Мӯҳр
али
ба пеш Точикистон

Саид
Акмалидин Каримов дар риштаи самбо аст. Озодагон мутит накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)