Бахшҳо

“Дар мубориза бо фасод набояд “инаш худӣ, даст нарасон” ва “инаш бесоҳиб, инаша мумкин” вуҷуд дошта бошад”

Ахиран, Додгоҳи олии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии кулро ҳафт сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ӯ аз зумраи даҳ нафаре буд, ки дар чаҳорчӯби парвандаи пурсарусадои кормандони Оҷонсии зиддифасод охири моҳи майи имсол боздошт шуд. Аз ин пештар бо ҳукми Додгоҳи олӣ Фирӯз Холмуродзодаро 15 сол, Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов)ро 13 сол, Амиршо Султонзодаро 10, Қосим Давлатовро 7, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзаловро барои 6 солӣ, Давлатбек Хайрзодаву Фаридун Беназирзодаро даҳуним солӣ равонаи зиндон кард. Дар бастагӣ ба ин, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ШУМО БАРХУРДИ МАҚОМОТРО БА ИН ҚАЗИЯ ЧӢ ГУНА БАҲОГУЗОРӢ МЕКУНЕД?

Абдумалик ҚОДИРОВ, таҳлилгар
Аслан, ҷонибдори ҳама гуна мубориза бо коррупсия ҳастам ва ҳар иқдоми ҳукуматро дар ин ҷода дастгирӣ мекунам. Вале бар он ақидаам, ки мубориза набояд якдафъаина ва намоишкорона бошад. Агар мехоҳем кишвари мутараққӣ созем, муборизаи мо бо коррупсия бояд давомнок ва беамон бошад. Дар ин мубориза набояд “инаш худӣ, даст нарасон” ва “инаш бесоҳиб, инаша мумкин” вуҷуд дошта бошад. Вагарна ин ҳама як спектакл, як намоишкорӣ мешавад. Роҷеъ ба қазияи пурсарусадои кормандони баландпояи Оҷонсии мубориза бо коррупсия алҳол чизи аниқе гуфтан имкон надорад, чун то имрӯз танҳо як теъдоди на чандон зиёди “иштирокчиёни” он ҳукмҳои худро дар маҳкамаи марҳилаи поёнӣ гирифтаанд. Давоми ин қазия чӣ гуна мешавад, маълум нест. Ҳамчунон маълум нест, ки қисмати “иштирокчиёни” дигар чӣ гуна мешавад. Вале як чизро метавон аниқ гуфт: имконияти зиёде вуҷуд дорад, ки инҳо муҳлати ҳукмҳои худро то ба охир дар зиндон анҷом намедиҳанд, мисли он, ки “иштирокчиёни” қазияҳои пурсарусодои пешин бо баҳонаҳои гуногун “плани зиндоннишиниашон”-ро пеш аз муҳлат иҷро карда, ба озодӣ баромада буданд. Вале ин ҳама як тахмин асту бас. Асли воқеаро ҳаёт нишон хоҳад дод.

Умед БОБОХОНОВ, муассиси медиа-холдинги “Азия Плюс”
Мурофиаи махфии фасодкорон пушти дарҳои бастаи додгоҳ барои як ҷомеаи муосир комилан қобили қабул нест. Фикр мекунам, парвандаро ба як далел – ошкор нашудани “пуштибон”-и боздоштшудаҳо муҳри махфӣ заданд. Аммо инро пинҳон кардан намешавад. Сари ришта дар ин парванда то кӣ бурда мерасонад, барои кормандони Агентии мубориза бо коррупсия, муфаттишон ва кормандони додгоҳ, ки мурофиаро пеш мебаранд, маълум аст. Яъне, аллакай ҳама медонанд ва ин нанг барои ҳамаи мост.

Файзинисо ВОҲИДОВА, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Аслан, оғоз аз ҳабси кормандони Агентӣ бинобар сари вақт ба мардум нарасонидани як хабари дақиқ ҳангомаҳо бисёр шуданд. Коршиносон ҳатто эҳтимоли аз байн рафтани мақомоти Агентии коррупсияро пешгӯи ҳам карданд. Вале дидем ки бо ҳабс кардани чанд нафар масъулини дигар мақомоти тафтишотӣ ҳам маҳдуд шуд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мақомот як муборизаи ҷиддиро алайҳи мансабдорони давлатӣ рӯи даст гирифтааст. Дар дилхоҳ мақомоти давлатӣ ошкор намудани фасодкории мансабдорон як амали маъмулӣ мебошад, ба шарте ки воқеан ҳукумат хостори мубориза бо фасод бошад. Фикр намекунам, ки дар шароити кунунӣ Ҳукумати Тоҷикистон иқдоме дар ин самт дошта бошад. То имрӯз гуфтор ҳасту амал нест. Гуфтанду мегӯянд, ки ҷомеа олудаи фасод асту бояд мубориза баранд, вале дар амал ягон натиҷае нест. Аз ташкил додани Агентӣ зиёда аз 10 сол сипарӣ шуд ва то имрӯз ин мақомот бо боздошти милиса, духтур, муаллим ва соҳибкор маҳдуд шудаасту халос ва ё вакилони маҷлису раисону мақомоти иҷроия танҳо баъди сабукдуш шуданашон мавриди таваҷҷуҳи ин Агентӣ қарор мегиранд. Ин мубориза нест. Албатта ҳабси чанд нафар кормандони Агентӣ як дараҷа ба обрӯю нуфузи Агентӣ таъсири манфӣ расонд, аммо ин парвандаҳо бо ягон ваҷҳ асоси бастани ин мақомот несту набуд. Ин як худнамоишдиҳӣ буд, ки бояд мардум донад, ки бархе аз мақомот фаъолияти густарда доранд. Мутаассифона бовар дорам, ки бо ҳамин, даҳсолаҳоҳои дигар хомушӣ сурат мегирад.

Абдулмаҷид РИЗОЕВ, ҳуқуқшинос
Ман ҳамчун ҳуқуқшинос, ин масоилро на бархурди мақомотҳо мешуморам, балки чунин медонам, ки ин вазифаи ҷонии кормандони мақомоти давлатӣ аст. Дар ҳақиқат масоили ба миёномада, каме ҳам бошад, афсонавист, аммо ин ҳодиса рӯзе аз рӯзҳо бояд ба вуқӯъ меомад. Аз соли ташкили Оҷонсии зидди фасод, чӣ қадар вақт гузашт, дар таҷриба ба мақсадҳои ташкилии худ нарасида истодааст, чун ки ҳолатҳои фошшуда далели онанд, ки дар худи ин сохтор фасод аз ҳама зиёд будааст. Мисол, агар гирем дар соҳаи маориф ва ё тандурустӣ, ягон нафар аз ин соҳторҳо бо гирифтани пора дар ҳаҷми 100 000 ё 200 000 доллари амрикоӣ ба даст наафтодааст ва намеафтад. Аммо нафароне ки ба маблағҳои 1000 ва ё 10000 доллари амрикоӣ ба дасти баъзе кормандони ин мақомот меафтанд, бо ҷамъ кардани як “0” дар охири ин маблағ аз ҷавобгари пинҳон ва ё тағйири таркиби ҷиноят нисбаташон мешавад, ки дар оянда барои бо роҳи осони озод шудан аз ҷавобгарӣ таҳкурсӣ мешавад. Муаммо дар он аст, ки маоши кормандони мақомоти давлатӣ, худ асос (таҳкурсӣ) барои рушди фасодхурӣ дар ҷамъият мебошад. Мисол: барои дар шаҳри Душанбе истиқомат кардан, ба ҳисоби миёна барои як оилаи миёна (иборат аз 5 нафар) 3000 (се ҳазор) сомонӣ лозим аст. Аз ҳисоби кам будани ҷои кори холӣ, паст будани маош, на ҳамаи аъзои оила ба кор машғуланд. Ва таъмини оила бар сари як ва ё ду нафар мезанад. Барои пешгирии фасод, аввал шароити хуби корӣ бо маоши арзанда бояд ташкил карда шавад.

Лола ОЛИМОВА, журналист
Коррупсия як бадбахтӣ аст. Тасавур кунед, чӣ қадар пул аз канори хазинаи давлат мегузарад. Бо ин миқдор пул чӣ қадар корҳоро метавонистанд ба анҷом расонанд, чӣ қадар мактабу беморхонаву корхона месохтанд. Маблағҳое, ки дар киссаҳои мансабдорон менишинанд рушди Ватанро боз медорад. Ман тарафдори он ҳастам, ки ришваситониро дар Ватани мо аз байн баранд. Ин хел қазияҳо намоишӣ ҳастанд. Агар мубориза бо коррупсия шадидтар мешуд, мумкин дигарон метарсиданд.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршиноси масоили иҷтимоӣ
Бархӯрди мақомотро оид ин қазия новобаста аз он ки Оҷонсии коррупсия аст ё дигар мепазирам, лекин аз як чиз нигарон ҳастам, ки чаро расонаҳои давлатӣ дар ин масъала садо баланд намекунанд, то “халқ қаҳрамонҳои худро донад?“ Агар ҳар ҷинояте, ки аз тарафи мансабдорон мешавад, дар матбуоти давлатӣ низ инъикос шавад, боварӣ дорам коррупсия дар системаи давлатӣ кам мешавад. Вақте мардум мебинад қонун барои ҳама якест, ваҳдат ва ҳисси ватандӯтӣ баланд мешавад.

Иззат АМОН, вакили мудофеъ дар Русия
Чун вакили дифоъ ман ҳаққи қазоват надорам, вале ҳамчун як фарди холис бархӯрди мақомотро нисбати қазияи кормандони Оҷонсӣ якҷониба меҳисобам. Онҳое ки дастгир шуданду ҳукм гирифтанд кормандони қатории Оҷонсӣ мебошанд ва раҳбарияти ин ниҳод гӯиё ки чизе нашуда, дар сайёҳатанд. Дар ҳоле ки ҳама медонем ҳеч ҳуҷҷате бидуни розигӣ ва имзои раҳбарият салоҳияте надорад. Якҷониба номидани ин қазия ба он хотир аст, афроде ки то имрӯз дар доираи ин парванда ҳукм гирифтанд ба шуниди мо миллионҳо доллар ба будҷаи давлат зарар ворид кардаанд ва ҳукм ҳам нисбати онҳо ноодилона содир шудааст. Бубинед, Зайд Саид танҳо ба хотири азхуд кардани чанд ҳазор сомонӣ ки дар суд исботи худро наёфт, 29 сол ҳукм гирифт ва ин оқоён барои сирқати миллионҳо доллар ба муҳлатҳои ба маротиб камтар аз Зайд ҳукм гирифтанд.
Мӯҳр
рудаки
То чахон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рохи коррупция бениез.

500% исбот шуд, ки ними нон дар хакикат рохати чон будааст.....Дод аз дасти Нафсей.........

023
Мубориза бо фасод бояд хамачониба бошад на показуха.Дар шароити иктисоди бозаргони фасод ин тормози пешравии иктисодиет мебошад.То он даме,ки хар як фард бо музди мехнати худ зиндаги карданро наомузад фасод боки мемонад.

Мухочир
Пора ё ришва гирифтан Кадом давлата ба по хезонда буд

Салом
Ба Фируз истирохати хуб хохонам ба умеди ба даст афтодани фирузхои дигар ва пирузи адолат .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)