Даргузашти Душанбе Палаев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон
Душанбе Палаев, овозхони маъруфи тоҷик дар 67-солагӣ даргузашт.
Файз Мирасанов, журналисти маъруфи тоҷик ба “Озодагон” гуфт, Душанбе Палаев субҳи имрӯз, 27 сентябр бар асари бемории қалб дар шаҳри Хоруғ вафот кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, маросими видоъ бо Душанбе Палаев эҳтимол дар саҳни Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор шавад. “Ӯ васият карда буд, ки дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон дафнаш кунанд”.
Душанбе Палаев дар ансамбли “Навои Бадахшон” фаъолият дошт ва яке аз хонандаҳои шинохтаи таронаҳои мардумӣ буд. Сентябри соли 2012 бо фармони раисҷумҳур унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистонро дарёфт кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |