Бахшҳо

Назарзода 12 500 сомонӣ ва қудояш 5 000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сайфиддин Назарзода, собиқ раиси Китобхонаи миллиро 12 500 сомонӣ ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоевро 5 000 сомонӣ ҷарима баст.

Назарзода дар пайи эълони қарори додгоҳ онро ноодилона хонда, гуфт ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд. Сайфиддин Назарзода таъкид кард, ки бо тартиб додани парванда мақомот ҳуқуқи ӯро дағалона поймол кардаанд ва ин парванда бе ягон сабаб ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат кардан аст: "Яъне рафтори кормандони Оҷонсии коррупсия умуман аз лиҳози қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ аст".

Ӯ дар посух ба суол, ки оё боварӣ доред, ки дар марҳилаҳои болоии додгоҳӣ бегуноҳии худро исбот мекунед, гуфт, "албатта дар шароити Тоҷикистон ин кори хеле душвор аст, аммо аз роҳи қонунӣ ба зинаҳои болоӣ шикоят карда, адолатро талаб мекунем".

Собиқ раиси Китобхонаи миллӣ афзуд, ҳукм дар асоси туҳмату буҳтон содир шудааст ва ин мурофеа нишон дод, ки дар системаи судии кишвар нуқсҳои хеле ҷиддие ҷой доранд.



Айбдоркунандаи давлатӣ пеш аз зуҳри имрӯз, 28-уми сентябр додгоҳ хост, Сайфиддин Назарзода, собиқ раиси Китобхонаи миллӣ ҳамчун шахси мансабдор ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев, ҳамчун шахси воқеӣ барои нақзи қонуни танзим ҷаримабандӣ шаванд.

Ӯ дар мавриди даъвои Назарзода, ки бархе афроди бегона, аз ҷумла кормандони Оҷонсии зидди фасод бидуни даъват ба тӯй омадаанд, гуфт “он шабу рӯз, ки назорати масъалаи қонуни танзим пурзӯр шуда буд, Назарзода метавонист шахсияти меҳмонҳоро муайян кунад. Онҳоро пурсад, ки киянд бо даъвати кӣ омадаанд ва аз маърака берун кунад”.

Аммо вакили дифои Назарзода гуфт, ин кори пешниҳодкардаи прокурор мувофиқи урфу одати тоҷикон нест ва ҷойи шарми мизбону таҳқири меҳмонон аст: “Чӣ хел рафта, ҳар яки онҳоро мепурсад, шахсияташонро муайян мекунад. Бояд мақомоти прокуратура аз рӯи аксу наворҳо таҳқиқ мекарду муайян менамуд, ки иҷро нашуд”.

Вакили мудофеъ афзуд, ки ҳуқуқи Назарзода дар се давра- аз тӯй сар карда то таҳиияи санад дар мақомоти прокуратура нақз шудааст. Ӯ аз ҷумла даъвои кормандони Оҷонсии зидди фасодро зикр кард, ки гуфтанд, амалиёти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ баргузор кардаанд: “Дар ҳоле ки амалиёти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ дар мавриди ҷиноятҳо гузаронда мешаванд, на дар мавриди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амалашон аз аввал ғайриқонунӣ буд, бояд аз аввал бо намояндаи танзим мерафтанд, худро муаррифӣ мекарданд ва ба таври ошкоро “рейд” мегузаронданд. “Рейд” ҳам гуруҳӣ дар чанд ҷой гузаронда мешавад, на махсус дар як ҷой. Баёнотҳои гирифтаашон низ сохтакорона ва ғайриқонунӣ аст, чун баёнотҳо бояд фавран дар ҷои ҳодиса тартиб дода мешуд, на бидуни таъхир”.

Худи Сайфиддин Назарзода зимни мурофеаи додгоҳӣ гуфт, аз 37 аксе, ки аз ҷараёни туй гирифта шудаанд ва Прокуратураи шаҳри Душанбе дар ин маврид санад тартиб додааст, 30 аксаш шубҳанок мебошанд. Ӯ гуфт дар аксҳо баъзе нафароне дида мешаванд, ки онҳоро тамоман намешинсад ва даъват ҳам накардааст. Номбурда афзуд, аз баски додрас дархости ӯро дар мавриди гузаронидани экспертизаи судии суратшиносӣ қабул накард, бино бар ин лозим медонад худи ӯ дар додгоҳ ҳар як акси шубҳанокро дар алоҳидагӣ мавриди омузиш қарор диҳад: “Дар суратҳо ҳудуди 50 нафар ба такрор ҳисоб шудаанд, ки миёни онҳо кормандони Оҷонсии коррупсия низ ҳастанд”.

Вакили дифоъ илова намуд, ки зимни таҳияи санадҳо низ нисбати Назарзода, ки вакили Маҷлиси шаҳрӣ буд, ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудаанд: “Санадҳо ғаразнок, беасос ва ғайриқонуниянд. Аз судя дархост мекунам, ки парвандаи дар истеҳсолоти судиро қатъ кунад”.

Вакили мудофеи Назарзода инчунин аз додрас дархост намуд, ки дар хонаи машваратӣ ба санадҳои сохтакоронаи Оҷонсии коррупсия таваҷҷуҳи бештар диҳад ва нисбати кормандони ин ниҳод барои ин амалашон чораҷӯӣ шавад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Октябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)