Русия пойгоҳи дуввуми низомиашро дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мустаққар мекунад?
Русия барои мустаққар намудани боз як пойгоҳи ҳарбиаш дар Қирғизистон гуфтушунидҳоро оғоз кардааст.
Сапар Исаков, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, дар сатҳи вазоратҳои дахлдори ду кишвар машваратҳо шурӯъ шудааст. “Ҷумҳурии Қирғизистон бар ин аст ки барои таъмини амният на танҳо дар Қирғизистон, балки дар минтақа мустаққар намудани як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби кишвар зарур аст. Аммо ҳоло ҷонибҳо дар ин замина ба қарори ниҳойӣ нарасидаанд”,—гуфтааст Исаков дар суҳбат ба “РИА Новости”.
Қаблан, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошта буд, ки Русия метавонад дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон як пойгоҳи дигари низомиашро мустаққар созад.
Дар ҳоли ҳозир дар Канти Қирғизистон як пойгоҳи ҳарбии Русия фаъол аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |