Бахшҳо

Ноиби президенти АИ хостори таълими фанни “қонуни танзим” дар мактабҳо шуд

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда, ки қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба сифати як фанни алоҳида дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс дода шавад.

Абдураҳмон Муҳаммад дар як матлаб, ки онро хабаргузории “Ховар” нашр кард, гуфтааст, бо ҷорӣ гардидани ин фан, таълими он ба зиммаи омӯзгорони фанни ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқ вогузор шавад.

Ноиби президенти Аакадемияи илмҳои Тоҷикистон дар ин матлаб ҳамчунин пешниҳод карда, “тарғибу ташвиқи ҳамаҷониба ва босаводонаи қонуни танзим тавассути воситаҳи ахбори оммаи давлатӣ ба роҳ монда шавад ва ба ин кор мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ, исломшиносӣ, руҳониён ва рӯзноманигорон сафарбар карда шаванд”.

Дар пешниҳоди дигари худ Абдураҳмон Муҳаммад, таъкид намуда, ки шарҳу тафсири қонуни танзим аз ҷониби мутахассисон таҳияву нашр шуда, дастраси ҳар хонавода гардонда шавад. Ӯ қабулу татбиқи қонуни мазкурро яке аз муҳимтарин иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсии миллат ва кишвар унвон кардааст: “Зеро татбиқи ин қонун боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ, поксозии афкори мардум аз хурофот, беҳбуди зиндагии иҷтимоии аҳолӣ ва тақвияти суботу амнияти миллии кишвар гардид”.

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол қабл қабул шуд ва ахиран бо пешниҳоди раисҷумҳур ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли равон ҳангоми мулоқот бо фаъолони кишвар гуфт, баъди қабул шудани қонун давоми 10 сол 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинон сарфа шудааст. Дар тағйиру иловаҳо бархе меъёрҳои қонун шадидтар шуд. Аз ҷумла барои нақзи қонун мансабдорони давлатӣ аз мақом барканор хоҳанд шуд. Инчунин, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаи азодории “ҳафту чилу сол” манъ шуда, маросимҳои хатнасури кӯдакон бидуни даъвати овозхонҳо баргузор мешавад. Баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат” низ аз ин ба баъд мумкин нест.
Мӯҳр
Ба фикрам Президенти АУ шудани аст.

Эраҷ
Ҳоҷизиёрат мумкин аст, аммо ҳоҷизиёфат мумкин нест. Қонунро дурусттар хонед!

Талабхон
Дар сатхи ноиби Президент чунин мухокимаронихои сабук он кадар хуб нест. Барномахои таълимии мактабхои тахсилоти миёнаи умуми бе ин хам аз фанхои нодаркор пур шудаанд.

Хакгу
Конуи Масъулияти падару модарро дар макотиби миёна чори карданд, боз конуни танзимро хам чори кунанд накшаи таълим чи мешавад як бор фикр кунед. Конунро бояд хама риоя кунанд, на хамчун фани алохида таълим дода шавад.

.... о мактабу маориф олимону маслихатчихои худро дорад о ин профессор дига зарурат надора ??? О Академияи Илмоша тахлил кунад ... барои чи як акадэээмик буромада тарзи пеш бурдани иктисоди фалачи Ватани азиз талош намекунад??? .... барои чи ташкил кардани ч,ойхои кори ва баргардондани гарибон аз хоричи кишвар тахлил карда намешавад ???? Агар ягон навгоние чори накунад О хамин Академия аслан барои чи даркор ????

Рохрав
Ба фикрам лозим нест ин пешниход конун хаст дарс чи лозим

шарифчон Каримов
Сухани устод сухан аст .Конунро агар маорифчиен ташфик накунанд дигарон ба максад расонида наметавонанд. Инхо пуканд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)