Шаби хунин: Марди 71-сола зану духтарашро корд заду худро ба дор кашид
Маъмурини милиса фоҷиаи хунинро, ки шаби 4 ба 5-уми октябр дар оилаи марди 71-сола дар ноҳияи Бохтар рух додааст, таҳқиқ доранд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 71-солаи ноҳияи Бохтар тахминан соати 02:40 дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 45-сола ва духтари 16-солааш муноқиша кардааст: “Ҳангоми муноқиша марди солхӯрда бо корди кисагиаш 5 бор ба аъзои бадани ҳамсараш ва 4 бор ба аъзои бадани духтари ноболиғи 16-солааш зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Манбаъ афзуд, ки мард дар пайи сӯиқасд ба ҷони ҳамсару духтар дар дарахти замини наздиҳавлигиаш хуро ба дор кашида, ба ҳалокат расонидааст: “Феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |