Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ барои соли равон 210 ҳазор гектарро ташкил мекунад.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, аз аввали мавсим то имрӯз дар масоҳати беш аз 96 фойизи ин заминҳо кишт гузаронида шуда, дар 187 ҳазору 073 гектари он (92%) пахта сабзидааст. Чорабиниҳои агротехникии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ низ дар майдони 101 440 гектар ягонакунӣ , 13 645 гектар коркарди байни қаторҳо, 29088 гектар озуқадиҳӣ ва 182 152 гектар оби сабзиш гузаронида шуда аст.
Мӯҳр