Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбеи 19 феврали соли 2012 дар ҳавзаи интихоботии рақами 13 интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Тибқи иттилои расида, аз ин ҳавза номзадии иҷрокунандаи вазифаи райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, ба вакилии маҷлиси шаҳрии вакилони халқ пешниҳод гардида, он аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот пазируфта шуд.
Дар ҳамин ҳол, райиси комиссияи шаҳрии интихобот Мақсудҷон Иномҷонов шаҳодатномаи номзад ба вакилиро ба Каримов супорида, ба номзад «роҳи сафед» таманно кардааст.
Бояд гуфт, Каримов Раҷаббой Аҳмадҷонович 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи олии технологии ҷумҳурии Қазоқистон (соли 1993) ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия (соли 2010) мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 дар ҷамъияти саҳомии «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд аз вазифаи муҳандис- технолог оғоз карда, сипас давоми солҳои минбаъда дар вазифаҳои мухталиф фаъолият дошт. Аз моҳи январи соли 2009 то моҳи октябри соли 2011 райиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд буд. 29 октябри соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи райиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.
Мӯҳр