Бахшҳо

Тӯҳфаи ВМ ба ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон хонандагонеро, ки дар олимпиадаи 8-уми байналхалқии  Жаутикови шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб баромаданд, қадрдонӣ намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон»  Сиддиқ  Муборак, сухангуйи ин вазорат иттилоъ дод,  талабагони точик дар  ин олимпиада аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ иштирок намуда, бо 13 медал баргаштанд. Дар ин озмуни бонуфуз 54 даста аз 18 кишвари  Аврупо ва Осиё  иштирок доштанд. Вобаста ба дастовардҳои хонандагони тоҷик Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф бо ғолибони озмун мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимов ғолибияти хонандагони тоҷикро дастоварди муҳим дар оғози соли нави 2012 арзёбӣ кард. Дар иртибот мавсуф аз номи ҳайати мушовараи вазорати маориф ва Нуриддин Саидов вазири маорифи кишвар ба ғолибон, устодон ва падару модарони онҳо ва инчунин, роҳбарияти литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе, мактаби президентии шаҳри Чкалов ва литсейи хонандагони болаёқати ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат табрик намуда ва дар вазъияти тантанавӣ ба эшон тӯҳфаҳои пулию молии вазорати маорифи Тоҷикистонро тақдим намуд.
Фарҳод Раҳимов гуфт, пешниҳодҳои эшон ҷиҳати таъсис додани озмоишгоҳҳои илмҳои табиию риёзии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ дар маркази шаҳрҳо, зиёд намудани соати дарсии фанни технологияи информатсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ  қарор хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)