Гуфтанист, Хомс шаҳри асосии истеҳкомии инқилобгарон мебошад, ки ҳамарӯза аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ мавриди тирандозӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, ҳукумати Башор Асад силоҳу аслиҳаи вазнини ҷангиро ба ин минтақа интиқол додааст, менависад «Ал Ҷазира».
Бино ба маълумоти телевизиони давлатии Сурия шоми гузашта дар шаҳри Бояд автомашинаи бо маводи тарканда насбшуда таркидааст, ки бар асари он чанд тани дигар куштаву захмӣ шудаанд. Мақомот ҷурми ин инфиҷорро ба дӯши “гурӯҳҳои мусаллаҳи терористӣ” бор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, муншии кулли СММ Бан Ги Мун изҳор кардааст, ки мушоҳидагарон аз Лигаи кишварҳои арабӣ (ЛКА) фаъолияти худро дар ин кишвар аз сар хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ЛКА аз январи соли равон бар асари тезудунд шудани вазъ дар Сурия мутаваққиф шуда буд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |