Манбаъ афзуд, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба як қатор қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Парлумони Ҷумҳурии Арманистон, Ассамблеяи миллии Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Верховная Радаи Украина, Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон» тағйирот ворид карда, ҳамзамон ташкили Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Латвия, Парлумони Ҷумҳурии Финляндия, Парлумони Ҷумҳурии Муғулистон ва Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Литваро барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи Шӯро изҳори назар карда, хостори тақвияти ҳамкории Гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ шуд. Мавсуф ҳамчунин бар ҷоннок кардани ин равобит таъкид намуд. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда, вакилон Саиди Ёқубзод, Марҳаббо Ҷабборова ва Олим Салимзода фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Мӯҳр
« Май 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |