Ҳамзамон, масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони сафорати Эрон дар Тоҷикистон доир намудани чорабинии мазкурро дар самти густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ, мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Эрон низ дар назар аст. Маврид ба ёдоварист, соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон 204,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум ба андозаи 101,5% афзоиш ёфтааст.
-Нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гардиши савдои берунии Тоҷикистон 4,6% ро ташкил медиҳад ва танҳо дар бахши хусусии Тоҷикистон соли 2011 Эрон 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, -афзуд манбаъ.
Мӯҳр
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |