Дар ин бора ба «Озодагон» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод. Тибқи иттилоъи ӯ, намояндагони корхонаи воҳиди давлатӣ барои сохтмони корхонаи саноатӣ бо соҳибкорони туркӣ ба мувофиқа омадаанд.
Неъматов мегӯяд, барои бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилинӣ шароит муҳайё мегардад: «Мавқеи ҷойдошти он низ муайян гардидааст. Ин корхонаи муштаракро дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб, ки дорои майдони зиёд мебошад, сохта метавонем».
Дар ҳоле ки корхонаҳои саноатии шаҳр бо иллатҳои гуногун аз фаъолият бозмондаанд ва ихтисори ҷойҳои корӣ ба мушоҳида мерасад, бунёди сехи нав ин мушкилро то ҷое бартараф менамояд, афзуд манбаъ.
Мӯҳр« Апрел 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | |||||
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |