Бахшҳо

Ҳукми додгоҳи Суғд алайҳи муҷримин эълон шуд. Адвокат шикоят бурд

Додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи паравандаи ҷиноӣ нисбати ашхосеро, ки дар қатли корманди комиссариати ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи Исфара даст доштанд, ба анҷом расонид.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар  додгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар курсии айбдорӣ 5 нафар сокинони ҷамоати Чоркӯх- Фарҳод Дадобоев, Ёсин Сафаров ва Муҳаммадшариф Умарови 23- сола, Насим Салимзодаи 22-сола  ва Равшан Холови 26-сола нишаста буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба муттаҳамин бо банди 104, қисми 2, зербанди «Б,В,Е,З» ( куштор, куштори шахс вобаста ба фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро кардан, ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштан барои гунаҳкор бо бераҳмии махсус аз тарафи гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ)-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда буд, вале дар рафти баррасии парванда ин модда ба моддаи 110, қисми 3 банди «В» (Қасдан расонидани зарари вазин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад)-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 11 сентябри соли 2011, тахминан соати 21-и шаб, дар ҳудуди рустои Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯхи  ноҳияи  Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи ҳамин маҳал Содиқ Ашӯров, ёрдамчии сардори мизи  ба қайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ ҳамла оварда, ӯро бо бераҳмии махсус лату кӯб намуданд ва аз ҷои ҳодиса  ғайб зада буданд. Содиқ Ашӯров аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Аз рӯи яке аз тахминҳо куштори С. Ашӯров ба фаъолияти хизматии вай вобастагӣ дорад.

Суд шахсони дар боло зикргардиддаро бо моддаи 110 қисми 3 банди «В» гунаҳкор дониста ;

-ба Фарҳод Дадобоев ҷазои 14 сол маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол,
-ба Насим Салимзода, Ёсин Сафаров ва Муҳаммадшариф Умаров ҷазои 13 солӣ маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол ва ба Равшан Холов ҷазои 12 сол маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол таъин намуд.

Вале ҳимоягари Насим Салимзода, Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки вай аз қарори додгоҳ розӣ нест ва нисбати он шикоят бурдааст.

-Ин ҳукм беасос ва ғайриқонунӣ аст, зерҳимояи ман ба ин ҷиноят ягон робитае надорад ва  ҳимоячиёни 4 нафари дигар низ дар ҳамин ақидаанд,- афзуд Ф. Воҳидова.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)