Гуфтанист, ҷаноби Кавазович Олимҷон Рафиқовро иваз мекунад. «Истиқлол» маҳз зери раҳбарии Рафиқов ду маротиба мақоми аввали мусобиқаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба футболро соҳиб шуд.
Сармураббии нави «Истиқлол» 37 сол дорад. Вай 29-уми июли соли 1975 дар Белград таваллуд шудааст. Дар 11 солагӣ бозингари дастаи «Баск» ва дар 13 солагӣ бозингари клуб ОФК буд. Дар сини 19 дар ҳайати тимҳои «Уйпешт» ва «Чепел»-и Маҷористон бозӣ кардааст. Баъдан ба Белград баргашта, бо дастаи «Железничар» қарордод мебандад. Кавазович маҷбур мешавад, дар 22 солагӣ бо сабаби ҷароҳати вазнин карераи футболашро хотима бахшад. Баъди ин Никола ба тренерӣ машғул мешавад. Ҳафт сол дастаи «Баск»-ро тамрин дод. Соли 2005-2007 Кавазович сармураббии клуби «Борча»-ро бар дӯш дошт. Охирин дастае, ки вай тамрин дод «Ресник» буд.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |