Тибқи фармони президенти Тоҷикистон ва мутобиқи қонун «Дар бораи ӯҳдадории ҳатмии ҳарбӣ» шурӯъ аз 1-уми апрели соли равон дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт.
Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки қабл аз оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар вазорати дифои кишвар, комисариятҳои ҳарбӣ ва горнизонҳо бо иштироки мақомоти масъули вобастаи даъват ҷамъомадҳо баргузор гардид. Дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар толори вазорати мудофиа сурат пазируфт, ҳамаи мақомоти масъули вобастаи даъват, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат ва шахсони дигаре, ки бе восита ба даъвати ҷавонон вобастаанд, ширкат доштанд.
Қайд шуд, ки дар Тоҷикистон теъдоди умумии сину соли даъватӣ нисбат ба талаботи қувваҳои мусаллаҳ зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонон беҳтаринҳо, яъне ҷавонони солиму бардам ва қобили хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ фиристода шаванд.
Мӯҳр