Бахшҳо

Душанбе ба Рига наздиктар мешавад

Аз 1-уми июни соли равон дар хатсайри ҳавоии Рига-Душанбе-Рига рейси навбатӣ кушода мешавад.

Дар  ин бора зимни мулоқоти намояндагони ширкати ҳавопаймои  «Air Baltik» Дариус Вилтракис  ва Руслан Самитов бо сардори хадомоти Фурудгоҳи байналмилмилалии Душанбе иброз гардид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Маҳмадюсуф Шодиев, масъули маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвозҳо дар хатсайри Рига-Душанбе-Рига,   анҷом дода мешаванд. Парвоз намудани мусофирони тоҷикистонӣ, хориҷиёни кишварҳои соҳили Балтик, нимҷазираи скандинавӣ ва қисми шимолу шарқии Аврупо аз ҳамкории ширкати номбурда ва парвоз ба Душанбе манфиатдоранд. Дар ҳоле, ки равобити иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои соҳили Балтик  рӯз аз рӯз зиёд гардида, ҳусни таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меафзояд, барқарор намудани парвозҳо ба фоидаи ҳарду ҷониб аст, гуфт сардори шӯъбаи назорати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо Николай Тоҳиров. Ҷонибҳо аз ҳисоби ширкат тариқи толори тиҷоратии фурудгоҳ гузаштани мусофиронро ба мувофиқа расониданд. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Айр Балтик» пешниҳод кард, ки омодаанд кормандони фурудгоҳи Душанберо дар бахши хизматрасонӣ бозомӯзӣ намоянд. Ёдовар мешавем, ки ширкати «Айр Балтик» дар давраи зимистон парвозҳоро ба Душанбе муваққатан қатъ карда буд. Шурӯъ аз 23 апрели соли равон парвозҳо ба ин хатсайр барқарор гардиданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)