Бахшҳо
30 май 2011 12:00Гузориш

Аз роҳи донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ

Аксар ҷавонон мегӯянд риоя нашудани оиннамаи ҳарбӣ, «дедовшина» ва ё меҳтарсолорӣ, инчунин шароити номусоид дар артиш аз иллатҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст.

Миршакар Рустамов,  донишҷӯи курси сеюми коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ғончӣ боздошт карда ба   хизмат бурдаанд. Сатторбердӣ  Рабиев,  муовини директори ин омӯзишгоҳ ба хабарнигори  «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ба думболи боздошти  Миршакар Рустамов аз сӯи кормандони комиссариат, ҳама ҳуҷҷатҳои донишҷӯии ӯро якҷо ба хулосаи созмонҳои ҷамъиятии  дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо  ба унвонии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд  ироа кардаанд, аммо ҳеҷ яке аз масъулини комиссариат  бидуни таҷдиди  назар ба ҳуҷҷатҳое, ки Миршакар дар курси  сеюми Коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил мекунад, ӯро ба таври иҷборӣ  барои хидмат дар  сафи артиш бурдаанд.

«Облава» дар Хуҷанд

Боздошт ва ба хидмат бурдани ин донишҷӯи суғдӣ  танҳо ягона ҳодисае нест, ки волидону устодони донишгоҳашро нигарон кардааст.  Балки  ингуна амалҳои  ғайриқонунӣ  боздошт ва ба сафи артиш бурдани ҷавонони донишҷӯ аз бесобиқатарин ҳодисаҳое, маънидод  мешаванд, ки дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии  ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар  ба таври фаровон мушоҳида мешавад.

Оқои Сатторбердӣ мегӯяд,   бо шумули Миршакар Рустамов , чор нафари дигар аз донишҷӯёни омӯзишгоҳ  се рӯз мешавад, ки  ба далели мавриди  боздошт қарор гирифтан, аз сӯи кормандони комиссариат ба дарсҳои донишгоҳ ҳозир шуда наметавонанд  ва  онҳо рӯзашонро пушти  кобинаҳои панҷарадори  бинои комиссариати ҳарбии Суғд  сипарӣ мекунанд.  Вай мегӯяд, зимнан маъракаи супоридани санҷишу имтиҳонот дар донишгоҳҳо фаро расидааст, аммо бархеи донишҷӯён бидуни супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳанӯз ба даст нагирифтани дипломи донишгоҳ ба таври  иҷборӣ аз сӯи кормандони комиссарият ба хизмат бурда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол масъулони комиссариати ҳарбии Суғд аз мавҷудияти ҳодисаҳое назири «облава»  дар шаҳру ноҳияҳо изҳори беиттилоӣ мекунанд ва аммо  ҷойдошти  ҳеч як аз ин гуна  ҳодисаи ба таври иҷборӣ  ба хизмат бурдани ҷавононро тайид намекунанд.

Ҳарчанд бархе аз шӯъбаҳои комиссариати  шаҳру навоҳии Суғд теъдоди кофии ҷавонон барои фиристодан  ба хизматро ҷамъ овардаанд, вале бо ин вуҷуд бисёре аз ҷавонон аз хизмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд.

Зимни сӯҳбат ҷавонон изҳор мекунанд, ки адами шароити солим дар қисмҳои низомӣ бисёре аз онҳоро ба қавле наврасонро барои хизмат дар сафи артиш дилгир кардааст. Аҳмад, як донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар яке аз сӯҳбатҳо ба мо изҳор дошта буд, ки як бародараш  ба хизмат рафта хотираи неке аз он набардоштааст ва худи ӯ ҳам чандон майли хизмат карданро надорад.

-Бародарам аз хизмат омад, пештара борин не,  дар хизмат азоб кашидааст, саломатиаш  он қадар хуб не.-гуфт  ӯ.

Аксар ҷавонон мегӯянд риоя нашудани оиннамаи ҳарбӣ, «дедовшина» ва ё меҳтарсолорӣ, инчунин шароити номусоид дар артиш аз иллатҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст.  Пахши навори ахир, ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии интернет- Ютуб, ки латукӯб шудани наваскарон аз сӯи афсаронро нақл мекунад, ҳокӣ аз он аст, ки на ҳамеша афсарон оинномаҳои ҳарбиро риоят  мекунад.

«Ампаро» нигаронӣ мекунад

Дар ҳамин ҳол Алиҷони  Самад, таҳлилгари масоили ҷавонон дар  устони  Суғд мегӯяд, ки  мутаасифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрави ҳамоно нобаробариҳо  дар масъалаи сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати сарбозӣ мушоҳида мешавад.

Аввал ин ки шароит  дар гарнизонҳо, дар қисмҳои низомӣ бояд хуб карда шавад, зеро имрӯзҳо афсаронро дар кӯчаҳо мебинем, ки шароити либоспӯшии хуб надоранд. Дигар ин, ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ бояд дасташон пок бошад ва аз нигоҳи қонун ба ҳама баробар назар кунанд, сарфи назар аз он, ки мансабдор ҳастанд ба хидмат ҷалб кунанд, дар ин сурат худи ҷавонон ҳам бо сари баланд ба хизмат мераванд, мегӯяд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон мавсум ба “Ампаро”  бо натиҷагирӣ аз пажӯҳиши солонаи худ дар масоили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мегӯяд,  ки  бо вуҷуди талошҳои ба таври ихтиёрӣ ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ, ҳамоно даъвати баҳорӣ ва ҳам тирамоҳӣ дар соли 2010 нишон  додааст, ки дар ин самт ҳуқуқвайронкунӣ мушоҳида мешавад ва масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят барои даъвати ҷавонон аз тарзу усулҳои ғайриқонунии мисли “облава” истифода мекунанд.{jathumbnail off}

Анӯшервони Ёдгор, шаҳри Хуҷанд

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)