Бахшҳо

Душанбе ба ғолиби марафон 3500 доллар медиҳад

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафон баргузор мешавад.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии шаҳрдори Душанбе иттилоъ доданд, тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев Ниммарафони сеюми байналмилалӣ дар масофаи 21 км 97 м. аз соати 10:00-и 21 апрели соли равон оғоз мегардад. Дар қарори шаҳрдорӣ гуфта мешавад, ки сабқати мазкур бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта баргузор мешавад.

Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур «барои ташвиқу тарғиби бештари аҳолӣ ба намуди варзиши дав, таъмини оммавияти бештар ва омодасозии варзишгарони наврас, ҳамзамон дар муддату замони баргузории Ниммарафон байни наврасони 8 то 10 сола дар масофаи 3 км, аз 10 то 12 сола дар масофаи 5 км ва аз 12 то 15 сола дар масофаи 8 км мусобиқаҳои дав ташкил карда мешавад».

Ба иттилои манбаъ барои гузаронидани Ниммарафон аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 207 510 сомонӣ ҷудо мегардад.

«Раёсати сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд»,-омадааст дар қарори мазкур.

Дар мусобиқа дастаҳо аз 14 шаҳри бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват гардидаанд, ширкат меварзанд. Аъзои дастаи даъватгардида аз 1 нафар роҳбар (намояндаи шаҳр) ва 2 нафар варзишгар  (1 мард ва 1 зан) иборат мебошанд.

Алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд ва шаҳрванди хориҷӣ маҳсуб мегарданд, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, инчунин варзишгарони хориҷии ба таври алоҳида муроҷиаткарда ҳуқуқи иштирок дар марафонро доранд.

Иштирокчиёне, ки 6 ҷои аввалро ишғол мекунанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд (мардон ва занҳо алоҳида).

Ғолиби ҷои аввал 16658 сомонӣ, муодили 3500 доллари амрикоӣ мегардад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)