Лоиҳаи нави кодекси андоз, ки давоми чанд муддат миёни коршиносону масъулини ниҳодҳои мухталифи кишвар дар ҳоли баррасӣ буд, ахиран ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Фазлиддин Шоҳмуродов, як масъули Вазорати молия ба хабаргузории Озодагон гуфт, ки имрӯз, 6-уми апрел Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия аз натиҷаи пешниҳоду дархостҳо ба лоиҳаи кодекси мазкур ба президент ҳисобот дод. Гуфта мешавад, баррасии кодекс то ахири соли равон дар ҳукумат идома хоҳад ёфт. Масъулини тоҷик мегӯянд, мақсад аз таҳияи лоҳияи нави кодекси андоз беҳтар сохтани низоми андозбанӣ, сабукӣ овардан ба андозсупорандагон ва дар ин замина устувор намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар аст.
Мӯҳр