Имрӯз, 10-уми апрел дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи 9-уми Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ сурат пазируфт.
Тавре аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ин нишаст баррасии лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав ва лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ», ки бо дастгирии техникии Корпоратсияии байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳия шудааст, баррасӣ гардид. «Ҳамзамон дар ҷаласа ҳисоботи раиси Шӯрои машваратии вилояти Хатлони оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ- раиси Вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал дар бораи рафти фаъолияти Шӯрои минтақавии мазкур ва натиҷаҳои он мавриди муҳокима қарор гирифт»,-афзуд манбаъ. Манбаъ мегӯяд, зимни ҳамоиш, аъзоёни нави Шӯро аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ бар ивази аъзоёни пешин, ки мӯҳлати аъзогияшон ба итмом расидааст, муараррифӣ гардиданд.
Мӯҳр