Сокини шаҳри Хуҷанд дар манзили иқоматиаш маводи мухадирро ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст.
Тибқи иттилои сухангӯи вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев, аснои кофтукоби шахсӣ аз шаҳрванд Муҳаммадҷон Исматов ҳудуди беш аз 6 килограмм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардид. Сарчашмаи хабар афзуд: «Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ, дар кӯчаи Говоров аз шаҳрванд Бахтиёр Каримови 41 сола низ 650 грам маводи сахттаъсири «ҳероин» мусодира шуд. Ба ҳамин монанд, дар шаҳри Турсунзода Қарчиев Кенҷа, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Сугдиён хонаи 227, бо 210 грамм маводи нашъадори «афюн» боздошт гардидааст.
Мӯҳр