«Ба мо мегуфтанд, ки зардолуи шимолӣ дар ҷануб парвариш намеёбад. Алайҳи ин гуфтаҳо, соли гузашта дар ҳудуди ноҳия дар майдони 178 гектор боғи зардолу бунёд намудем. Зардолуи ширинаки 3 солаи шимолиро оварда шинондем ва тақрибан ҳамагӣ сабзидаанд. Имсол аввалин ҳосилро аз он хоҳем гирифт»,- мегӯяд Қурбонбой Каримов. Соли равон низ бо ташаббуси раис аз ноҳияи Исфара 14,5 ҳазор бех ниҳоли зардолуи қандак оварда, боғпарварони фархорӣ дар майдони 140 га боғи нав бунёд карданд.
Аз аввали сол инҷониб дар ноҳия 201 гектор боғҳои нави мевадиҳанда бунёд гаштааст. Дар маҷмуъ бошад, боғкорони фархорӣ 780 га боғ бунёд кардаанд, ки аз онҳо 318 гектораш зардолубоғ будааст. Ба гуфтаи манбаъ, тибқи дурнамо то соли 2014-ум дар ҳудуди ноҳия бояд 1000 гектор боғзор бунёд гардад.
«Бо бунёд ёфтани боғҳои мевадиҳанда зарурати истифодаи тарзи дурусти ҳосили он пеш меояд. Инро мо аллакай ба инобат гирифта, дар ноҳия 4 корхонаи хурди истеҳсоли консерваро ба роҳ мондем. Аз вилояти Суғд имсол 20 ҳазор бонкаи шишагин овардаем ва кушиш ба харҷ медиҳем, то ҳосили рӯёндаи деҳқон беҳуда барбод наравад»,- афзуд раиси ноҳия.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |