Маврид ба ёдоварист, Струан Стивенсон ду рӯз боз дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо мақомоти баландппояи кишвар мулоқотҳо анҷом додааст. Рӯзи гузашта ҷаноби Стивенсон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дидору гуфтугӯ дошт. Зимнан, дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои миёни порлумонҳои Тоҷикистон ва Аврупо, ҳалли масоили марбут ба истифода аз оби нӯшиданӣ ва масоили энержии минтақа баррасӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров бо изҳори сипос барои ҳимояти тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” таъкид кард, ки теъдоди афроде, ки ин тарҳро ҷонибдорӣ мекунанд, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.Струан Стивенсон дар навбати худ иброз доштааст, ман мутмаинам, ки Тоҷикистон чун шарики Иттиҳодияи Аврупо бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъи ҷуғрофиёӣ дар минтақа нақши калидиро адо мекунад.
| « Октябр 2026 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
| 1 | 2 | 3 | 4 | |||
| 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
| 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
| 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
| 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |