Бахшҳо

Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ нашр шуд. Аммо пур аз ғалат

Дар мавридҳои зиёд шоҳиде, ки барои таъйиди маънои калима ва ибораҳо овардаанд, ҳеч мутобиқате бо ин маъно ва тафсир надорад.

Мутобиқ бо масали  мушт намунаи хирвор чанд мисол меоварам, чи агар хоҳем ҳамаро баршуморем, дафтарҳо мебояд.
"Аквон номи деве дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ". Барои шоҳид пас аз байте аз Фирдавсӣ байти дигар аз Қозӣ Эрназар номе омада, ки ҳеч иртиботе бо Аквондев надорад:
Муҳит омад ба илми сармадӣ зарроти Аквонро,
Мисоли ҷаҳр донад сирри ихфоро ба ҳар мазмун.

Ин шоҳид мувофиқ ба "аквон"-и дигар аст, ки ҳастиҳо, мавҷудот шарҳ шудааст.
Маънии чаҳоруми алаф хӯрок, озуқа дода шуда ва барои ин маъно 5 шоҳид оварда шудааст, вале ду шоҳид аз Икромӣ ва Улуғзода возеҳан ба маънои аввали ин калима, яъне гиёҳ далолат мекунад. Чунончи: "Маҳмуд баногоҳ аз байни алафҳо якто патрони тирнок ёфт".
Ба шаҳодати маънои аслии "алмос", яъне "санги қиматбаҳо" ҷумлае аз нависанда Сорбон омадааст, ки ба ин маъно мувофиқ нест ва бояд ба шаҳодати маънои маҷозии он "шамшер, теғ ва ҳар чизи тезу буранда" оварда мешуд: "Мир аз зарбаи тозиёнаи ӯ биме надошт, хафа ҳам нашуд, вале "безорӣ" гуфтанаш мисли алмос дили ӯро чок карда гузашт".
Зимнан, дар ҳамин маънои маҷозии "алмос" дар қатори "шамшер, теғ ва ҳар чизи буранда", "обгина" ҳам оварда шуда, ки рабте бо шамшеру теғ надорад ва маънояш ҷуз инҳост ва бояд ҷудогона оварда мешуд.
Ба таъйиди маънои аввали вожаи "алоқа", яъне "муносибат, иртибот, рабт; вобастагӣ, пайвастагӣ" байти зайли  Ҷомӣ омадааст:
Гавҳаркаши ин алоқаи дур,
З-он дур кунад ин алоқаро пур.

Идомаи навиштаҳои нависанда Қодири Рустамро перомуни китоби «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/ad/4696
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)