Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз аввали соли 2008 то инҷониб ба ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 597 миллиону 350 ҳазор сомонӣ барқ фурӯхтаст, ки аз ин 255 миллиону 820 ҳазор сомонияш то ҳол пардохт нашудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ баъди фаъолсозии чархаи якуми нерӯгоҳ дар санаи 20-уми январи соли 2008 то имрӯз ба ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 7 миллиарду 465 миллилон киловатт/cоат барқ додаанд ва ҳанӯз 43 фоизи маблағи он пардохт нашудаст.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, ҳаҷми қарздории ширкати «Барқи тоҷик» баъди муроҷиат ба суд дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз 263 миллион то 255 миллиону 820 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Дар робита масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, қарори Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, оид ба пардохти 5 миллион сомонӣ қарз ва 100 ҳазор сомонӣ хароҷоти судиро, пурра иҷро карда, қарзҳои боқимондаро низ минбаъд зина ба зина рӯйпӯш хоҳанд кард.
Мӯҳр