Ширкатҳои содиркунандаи бензини русӣ аз аввали май барои як тонна, 403 долларро ҳамчун боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Моҳи ҷорӣ ин нишондод ба 415 доллар баробар аст. Барои маҳсулоти нафтии рӯшани дигар, Путин ҳаҷми боҷи содиротиро аз 304 доллар то 296 доллар поён фаровардааст.
Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ 95 фоизи маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид намуда, ҳаҷми боҷи содиротӣ яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо айни ҳол нархи як литр бензини навъи АИ-92 дар пойтахти Тоҷикистон 6,6 сомонӣ ва АИ-95 6,9 сомониро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, коҳиши ҳаҷми боҷи содиротии нафти Русия ночиз буда, ба нархгузориҳо дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон таъсири назаррас нахоҳанд дошт.
Мӯҳр
« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |