3 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Шералӣ Хайруллоев намояндагӣ мекунад.
Муҳокимаи тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушду такмили ҳамкории ҳарбӣ ва зарурати густариши якдилии иттифоқии давлатҳои аъзои СААД дар шароити проблемаҳои мавҷудаи ҷаҳонию минтақавии амният ва фишори сиёсию иқтисодӣ аз мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур будааст.
«Ҳамчунин қарори Шӯрои вазирони мудофиа дар бораи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД аз рӯи масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияту мудофиа барои нимсолаи дуюми соли 2012 ва нимсолаи аввали соли 2013 баррасӣ мешавад»,-афзуд манбаъ.
Дар доираи ҷаласа вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии аслиҳа ва амволи ҳарбӣ дар шаҳри Остона иштирок мекунанд.
Мӯҳр