Бахшҳо

Таҳсилоти журналистон аз рӯи низоми кредитӣ баррасӣ мешавад

Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» 4 майи соли равон дар мавзӯи «Баррасии Лоиҳаи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон  аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ» дар давраи гузариш ба низоми кредитии таҳсилот” мизи мудаввар баргузор мекунад.

Тавре ба «Озодагон» аз ин ташкилот хабар доданд, инчунин  мавзӯи тавсияҳо барои таҳияи стандарти давлатии ихтисосҳои «Робита бо ҷомеа» ва «Корманди адабӣ» («Фаъолияти таҳририву ноширӣ») баррасӣ карда мешавад, ки гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа омода намудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, тадбири мазкур дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони ин самт”, ки аз ҷониби шўъбаи тоҷикистонии   Институти Ҷамъияти кушода – “Бунёди Мадад”  дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад.
Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори омма, созмонҳои журналистӣ, инчунин коршиносони соҳа даъват гардидаанд.
Манбаъ, афзуд, ки дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои муаррифӣ ва мулоҳизоти коршиносон, баҳсу мунозира ва табодули афкор перомуни лоиҳаи стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.
Гуфтанист, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва бисёрзинагӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония буда, ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи  Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф,  Вазорати маорифи  Тоҷикистон  бо Қарори №698  аз 22 сентябри с.2004 тасмим гирифтааст, донишгоҳҳои ҷумҳуриро  тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)