Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ як сокини 46-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кардаанд.
Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки Шамсиддин Амриддинов бо роҳи фиреб ба боварии Ҳусейн Довари Фалаҳниё, шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Эрон даромада, бо тайёр кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳамчун директори ҶДММ «Стандарт», барои хариду фурӯши 200 тонна алюминий ба маблағи умумии 350 000 ҳазор доллари амрикоӣ шартнома бастааст. Аз ин маблағ 16750 доллари онро то ҳол барнагардонидааст. Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр