Аз БДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта (10-уми май) тахминан соати 14:00 ронандари автомашинаи тамғаи «Опел астра» Акбар Саидҳасанови 45 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Қизил Юлдузи шаҳри Қӯрғонтеппа бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти миуқобили ҳаракати роҳ мебарояд ваба васитаи нақлиёти тамғаи «ДЕУ Сиело», ки таҳти идораи Зафарҷон Менгибаеви 34 сола буд, бармехӯрад.
Дар натиҷа ронандаи «ДЕУ Сиело» дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 мусофири он бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ ба касалхона интиқол мешаванд. Соати 15:30 дақиқаи ҳамон рӯз бошад, дар ноҳияи Рошқалъаи ВМКБ, Азизмоҳ Мавлонназароваи 39 сола аз беэҳтиётии худ аз дохили боркаши тамғаи «Зил 130» таҳти идораи Холмурод Чакабоев афтида ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр