Бино ба иттилои манбаъ, зимни ташхиси судии лабораторияи агентӣ муайян карда шуд, ки маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ 22 кило буда, беш аз 2 килои он героин ва ҳудудан 20 килои боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад. Бастаҳои пур аз героин дорои мӯҳр ва навиштаҷот бо хати арабиасос буданд.
Манбаъ гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз гашта, дастгиршуда ба боздоштгоҳи муваққатии агентӣ бурда шуд.
Тафтишоти пешакӣ мушаххас кард, ки шахси гумонбаршуда оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуда аст.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |