
Ҳукумати Британияи Кабир аз ин баъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла тадбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда дастгирӣ хоҳад кард.
Ин нуктаро Ҷерем Орд-Смит, сафири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо Рустам Назаров, директори Агенти назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон изҳор намуд. Тавре аз агентии мазкур ба Озодагон хабар доданд, Рустам Назаров Ҷерем Орд-Смитро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Ғайр аз ин дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод. Ҷаноби Ҷ.ерем Орд-Смит дар навбати худ зикр кард, ки ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад ва аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар муборизаи пурсамар дар ин самт ситоиш намуд.
Мӯҳр