Абдулло Гул ва Франсуа Олланд, райисҷумҳурони Туркия ва Фаронса ба ҳамкориҳои бештари ду кишвар, ки ахиран ба сардӣ гаравидааст, умед бастанд.
Мулоқоти Гул ва Олланд шоми дирӯз дар Чикаго ба вуқӯъ пайваст. Президентҳои Туркия ва Фаронса дар саммити НАТО ширкат доштанд. Замони сари қудрат будани Николя Саркози парлумони Фаронса қонун дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои рад кардани қатли омми арманиҳо дар замони ҳукмронии туркҳои усмонӣ замони ҷанги якуми ҷаҳониро қабул кард. Ин санад хашми Туркияро ба бор овард ва сабаби сард гардидани муносибати ду кишвар шуд.
Мӯҳр